- дараҷа
- [درجه]а1. поя, зина; сатҳ, савия: дараҷаи тараққиёт2. мартаба, рутба; мансаб, мақом3. пояи маҳорати ҳунарманди ягон соҳа; пояи илмӣ: харроти дараҷаи шашум, челонгари дараҷаи панҷум, ронандаи дараҷаи якум; дараҷаи номзади (доктори) илм4. риёз. ҳар яке аз сесаду шаст ҳиссаи доира5. ҷуғр. воҳиди миқёси тӯлу арзи кураи Замин6. гурӯҳ ё мавқеъ, ки барои баъзе соҳаҳо муқаррар шудааст: дипломи дараҷаи якум, нишони дараҷаи сеюм, дараҷаи таҳсилот (ибтидоӣ, миёна, олӣ)7. ҳар як ҳиссаи тақсимоти асбобҳои андозгирӣ, мисли ҳароратсанҷ, фишорсанҷ ва ғ. : дараҷаи ҳарорат, дараҷаи хунукии ҳаво, дараҷаи фишори хун8. воҳиди ченаки зичии моеот, баландии спирт ва машруботи спиртӣ9. мартаба, бор, дафъа, карат; як дараҷа а) як бор, як дараҷа; б) ба ҳар ҳол10. грам. мафҳуми грамматикии хоси ҳиссаҳои сифату зарф, ки вобаста ба доштан ё надоштани пасвандҳои –тар ва –тарин ва ғ. аз ҳам фарқ мекунанд: сифати дараҷаи одӣ, сифати дараҷаи қиёсӣ, сифати дараҷаи олӣ; ба дараҷае а) ба ҳадде; чунон. б) як андоза, андаке, каме; ба дараҷаи… ба ҳадди…, то ба ҳадди…, то; ба дараҷаи даркорӣ ба қадри кофӣ, ба андозаи зарурат; ба ин дараҷа ба ин андоза, ин қадар; чунин; дараҷа ба дараҷа тадриҷан, оҳистаоҳиста; ба дараҷаи… расидан а) ба рутбае расидан; б) ба ҳадде расидан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.